Гузориш аз ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ

Сентябрь 2, 2011 17:30

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Субҳи рӯзи 2 сентябр дар бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мулоқоти сеюми сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон оғоз ёфт. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки созмони мазкур бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон моҳи июли соли 2009 – ум таъсис ёфта буд. Мавриди зикр аст, ки  гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Русияву Афғонистону Покистон дар маҷмӯъ аз аввали сол ба 666,7 миллион доллар баробар гардид, ки ин аз чор як ҳиссаи савдои берунии кишварро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, қисми зиёди ин маблағ ба ФР рост меояд, ки бино ба иттилои оморӣ дар ҳафт моҳи соли равон он зиёда аз 580,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Бо Афғонистон зиёда аз 80,8 миллион ва бо Покистон  зиёда аз 5,4 миллион доллар мубодилаи молу маҳсулот сурат гирифтааст. Нахуст сарони давлатҳои меҳмонро сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пазироӣ намуда, дар назди фаввораи бӯстонсаро маросими расмгирии умумии онҳо баргузор гардид. Сипас дар бинои ҳаштуми бӯстонсаро мулоқоти чоргона доир гардид, ки дар он масоили минтақа ва ҷаҳон, инчунин масъалаҳои амниятӣ ва иқтисоду савдо миёни ин кишварҳо, инчунин он масъалаҳое, ки дар доираи ин созмон бояд баррасӣ шаванд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷаласаи мазкурро ҷониби Тоҷикистон раисӣ мекунад. Нахустин шуда дар ин ҷаласа президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай сухан гуфт. Ҳамин тавр дигар президентҳо низ суханронӣ намуданд. Мулоқот паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва пас аз мулоқот ба назди намояндагони ахбори омма барои изҳорот баромаданд. Сараввал  Эъломияи муштараки сарони давлатҳои аъзо ба имзо расид. Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотияш изҳор намуд, ки мо дар маҷмӯъ мушкилоти минтақаро мавриди баррасӣ карор додем. Зикр гардид, ки мушкилоти минтақа, аз қабили терроризм, пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва инчунин масоили иқтисодиву коммуникатсионӣ низ баррасӣ гардиданд. Президентҳои Афғонистону Покистон низ зимни баромади худ изҳори боварӣ намуданд, ки дар ин вохӯрӣ масъалаҳои  муҳими минтақа баррасӣ гардиданд ва изҳори умед карда шуд, ки ин созмон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ нақши муҳимро мебозад. Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев иброз дошт, ки масоиле, ки зимни ин нишаст мавриди баррасӣ карор гирифт, масоили муҳим ва барои минтақа зарурӣ буданд. Бояд зикр намоем, ки дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд. Зимни мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвари дӯсту ҳамсоя баррасӣ шуданд. Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни Тоҷикистону Афғонистон имзошуда равона гардид, аз ҷумла доир ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқӣ ба хотири боло бурдани иқтидори транзитии ҳарду кишвар. Ҳамчунин бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай дар шаҳри Душанбе бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки ин метавонад дар оянда ҷиҳати ҳамкориҳои судманд нақши муҳим бозад. Рӯзи гузашта Сарвари давлат ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки низ барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои чоргонаи Душанбе, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуда, бо иштироки сарони ҳарду давлат дар шаҳраки дипломатии пойтахт якҷоя бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд. Бегоҳии дирўз дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб мулоқоти ғайрирасмии сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон –  Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид. Сарони давлатҳои дўсту ҳамсоя доир ба масоили ҳамкории сеҷониба, қабл аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ, ташкили бозори минтақавии нерўи барқ, боло бурдани иқтидори транзитии се  кишвар ва ҳамгироии муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ табодули назар намуданд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки минтақавию байналмилалии се кишвар сурат гирифт. Федератсияи Русия низ аз шарикони стратегӣ ва муҳими Точикистон махсуб меёбад ва ҳамкориҳои Русия низ бо Тоҷикистон хуб аст. Метавон гуфт, ки Русия дар баробари шарики стратегӣ будан бо кишвари мо боз дар доираи ду созмон- ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай низ ҳамкорӣ дорад.  

Сентябрь 2, 2011 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд