Хатсайри нави Душанбе — Краснодар
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» хатсайри нав мекушояд, ки он шаҳри Душанберо бо шаҳри Краснодари Русия пайваст менамояд. Парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри нав аз 6 октябр ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе сурат мегирад.
Мувофиқи ҷадвали тобистонаи парвози ҳавопаймоҳо, ки то 30 октябр давом мекунад, ҳавопаймо соати 18 ва 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ аз шаҳри Душанбе парвоз намуда, соати 20 ва 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба майдони ҳавоии Краснодар фуруд меояд.
Парвози ҳавопаймо аз шаҳри Краснодар соати 22 ва 10 дақиқа сурат гирифта, соати 03 ва 40 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба шаҳри Душанбе мерасад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби бахши матбуоти ширкати мазкур Темур Бандишоев иттилоъ дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






