Хизмати шоистаи кормандони молия бо медал қадр гардид

Сентябрь 8, 2011 11:38

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов кормандони вазорат ва ташкилотҳои зертобеи онро бо 20-умин солгарди Истиқлолият табрик намуд. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов кормандони мақомоти молияи ҷумҳуриро бо фарорасии 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони пешқадами мақомоти молия мукофотҳои давлатиро супорид. Аз маркази матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо медали «Хизмати Шоиста» Соҳибов Шавкат Кӯзиевич -муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Авғонов Тимуралӣ Ёрибекович — сардори Раёсати сиёсати буҷет дар соҳаҳои иқтисодиёт, Алишоев Салмон Санавбарович — сардори Раёсати буҷети давлатии Сарраёсати молияи ВМКБ, Сафаров Мирзосафар Холович — сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷиликӯл, Солиҳов Самандар Ҷанобович — сардори Раёсати молияи ноҳияи Рӯдакӣ, Мираҳмадов Давлатхоҷа — сардори Раёсати молияи ноҳияи Мӯъминобод, Султонов Маҳсиддин — сардори Раёсати молияи ноҳияи Темурмалик сарфароз гардиданд.Инчунин, бо «Нишони фахрӣ», «Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сазовор дониста шуданд.

Сентябрь 8, 2011 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад