«Истиқлол» бозиро мусовӣ анҷом дод
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз дар шаҳри Гаосюни Тайван дар бозиҳои финалии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё қаҳрамони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар гурӯҳи А вохӯрии дуюми худро бо дастаи «Балкан» -и Туркманистон доир карда, онро бо натиҷаи 1 бар 1 ҷамъбаст кард. Голро аз дастаи «Истиқлол» Фарҳод Тоҳиров зад. Ҳамин тариқ, «Истиқлол»-и Душанбе ҳуқуқи муборизаро барои ноил шудан ба Ҷом аз даст дод. Ёдрас мешавем, ки ғолиби ҷойи аввали мусобиқа соҳиби 50 000 ва ғолиби ҷойи 2-ум соҳиби 25 000 доллари амрикоӣ мегардад.








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






