Истиқлолият аз нигоҳи сафир
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сомонаи Маркази мутолиоти Эрон ва Евразия дар Теҳрон, ки бо забонҳои форсӣ ва англисӣ нашр мешавад, мусоҳибаи ихтисосиро бо Давлаталӣ Ҳотамов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст. Мусоҳибаи мазкур ба муносибати 20 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 4 то 5 сентябр идома ёфт, ҷараён гирифтааст. Дипломати тоҷик дар сӯҳбати хосса ба шароит ва имкониятҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ишора намуда, перомуни комёбиҳои дар солҳои Истиқлолият ба дастовардаи Тоҷикистон ва сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон табодули назар кардааст. Сафир зимни мусоҳиба таъкид намудааст, ки Эрон дар ҳоли ҳозир яке аз шарикони қавии иқтисодии Тоҷикистон буда, ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар беш аз пеш меафзояд. Давлаталӣ Ҳотамов дар фарҷоми сӯҳбат изҳори умедворӣ намудааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба зарурати пешомада ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни Тоҷикистону Эрон бояд рушду тавсеа ёбанд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






