Коркарди нахи пахта дар корхонаи Норак
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Соли равон корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии саноати сабуки Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро на фақат афзун намуданд, балки сифати маҳсулотро низ беҳтар сохтанд. Сабаби ин асосан дар мамлакат бунёд шудани корхонаю коргоҳҳои нави коркарди пахта ва аз он истеҳсол намудани маҳсулот аст.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. «Масалан, корхонаи нассоҷие, ки соли гузашта бо иштироки Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» дар шаҳри Норак рӯи кор омад, дар чаҳорчӯбаи Барномаи давлатии коркарди нахи пахта нишондиҳандаҳои худро беҳтар намуда, соле то 2000 тонна нахи пахтаро коркард менамояд», — зикр намуд манбаъ.Корхонаҳои нассоҷии вилояти Суғд ҳам нишондиҳандаҳои истеҳсолии худро беҳтар намуданд. Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисобот корхонаҳои коркарди нахи пахта ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки ин назар ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта баробари 13 фоиз зиёд аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






