Кушандагони сардори мизи ҳарбӣ дастгир шуданд

Сентябрь 16, 2011 18:02

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 5 нафар бо гумони куштани сардори мизи ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ Содиқ Ашӯров дастгир шуданд.Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар куштори С. Ашӯров 5 нафар истиқоматкунандаи ин ҷамоат  гунаҳгор дониста мешаванд. Ёдовар мешавем, ки сардори мизи ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ 11 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби шахсони номаълум ба қатл расонида шуд. Дар тани ҷасад осори ҷароҳатҳои сершумори лату кӯб мушоҳида шуд, ки боиси ҳалокати ӯ гардид.

Сентябрь 16, 2011 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш