Мӯҳлати боздошти Н. Ҷӯраев дар Москва чанд сол дароз шуд?
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 20 августи соли 2011 то имрӯз Қонуни авф нисбат ба 2 ҳазору 654 нафар маҳкумшудагон, судшавандаҳо, айбдоршавандаҳо ва гумонбаршавандаҳо татбиқ шудааст. Дар ин бора 1 сентябр зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод.Прокурори генералӣ илова намуд, ки то ирӯз мувофиқи моддаҳои 1,2,3,4,5,6,9 ва 10 Қонун «Дар бораи авф» 2 ҳазору 317 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ ва муассисаҳои сукунатии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод гардиданд. Аз ин шумора 1 ҳазору 76 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ, 305 нафар аз муассисаҳои тафтишотӣ ва 936 нафар аз аз муассисаҳои сукунатӣ озод шуданд. Аз ҷумлаи озодшудагон 146 нафарро занон, 108 нафарро ноболиғон, 56 нафарро мардони аз сини 55-сола боло, 24 нафарро маъюбону шахсони гирифтори бемориҳо ва 27 нафарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Шерхон Салимзода бартариҳои қонуни нави авфро нисбат ба қонунҳои қаблӣ шарҳ дода, зикр намуд, ки дар қонуни мазкур якчанд ҳолатҳое муқаррар шудааст, ки ба маҳкумшудагони ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин низ авф татбиқ мешавад. Дар ин радиф, то имрӯз 32 нафар иштирокчиёни исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб ва ҳуҷуму мусаллаҳонаи соли 1998 ба вилояти Суғд ва 7 нафар аъзоёни ҳизбҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва ташкилотҳои ифротгароӣ аз адои минбаъдаи ҷазои ҷиноятӣ аз муассисаҳои ислоҳи озод карда шуданд. Дар баробари ин, прокуратураи вилояти Хатлон бо пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудани боз 40 нафар аъзоёни ҳизбҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва ташкилотҳои ифротгароро иҷозат додаст, ки онҳо 2 сентябр озод карда мешаванд. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Салимзода ба саволҳои хабарнигорон посух дода, гуфт, ки мутобиқи моддаҳои 8,9 ва 13-и Қонун «Дар бораи авф» мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагон кам карда истодааст. Аз ҷумла, имрӯз Прокуратураи генералӣ бо пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагон Иброҳимов Ёрибек бо лақаби «Шайх Ёрибек», Ҳабибуллоев Исматулло бо лақаби «Исмати Аулӣ», Салимов Ёқубҷон, Тошев Садриддин, Искандаров Маҳмадрӯзӣ, Сияев Ҷамшед ва дигаронро мутобиқи моддаи 13 ба мӯҳлати дусолӣ ва нисбат ба баъзеашон мутобиқи моддаи 8 аз ин зиёдтар кам карда шуд. Роҷеъ ба саволи он ки, Низомхон Ҷӯраев низ авф мешавад ё на, Шерхон Сализода гуфт, ки 27 август аз боздошти Низомхон Ҷӯраев як сол пур шуд ва бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Москва мӯҳлати боздошти ӯ 18 моҳ, яъне то 27 феврали соли 2013 дароз карда шуд. Аз ин рӯ, расидан ва ё нарасидани татбиқи қонуни авф ба Н. Ҷӯраев дар ҷараёни баррасии парвандаи ӯ муайян мешавад. «Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дигар давлатҳо маҳкум шудаанду пас аз ҳукми суд ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд, татбиқ мешавад», — гуфт дар хотима Ш. Салимзода.