Машварати вилоятӣ
Суғд, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ Амонов). – Бо ташаббуси муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» ва раёсати байтории Вазорати кишоварзӣ семинар — машварат доир гашт.Дар семинар роҳбарони фабрикаҳои мурғпарварӣ, соҳибкорон, намояндагони раёсаҳои байтории шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд.Эмгузаронии паррандагони хонагӣ, ваксинаи И — 2 истеҳсоли Урдун ва бемории сирояткунандаи хасактоун (нюкасл) масъалаҳое буданд, ки байни иштирокдорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Эмгузаронии паррандагони хонагӣ асосан мурғон дар се ноҳияи таҷрибавии вилоят – Хуҷанд, Чкалов, Табошар сурат мегирад, ки барои 12085 сар парранда дар ду давра пешбинӣ шудааст.Амалисозандаи ин барнома Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Молдору» мебошад, ки бо ширкати дорусозии «Интерхем» — и Голландия ҳамкорӣ дорад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






