Муҳокимаи масоили кӯли Сарез
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Масоили кӯли Сарез ва роҳи ҳалли он дар конфронси байналмилалии илмию техникӣ, ки 26-27 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима мешаванд. Ташкилкунандаи конфронси мазкур Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ мебошад.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур иттилоъ доданд, масъалаи асосие, ки тибқи нақша ба муҳокимаи аҳли нишаст гузошта мешавад, ин таъсиси консорсиуми байналмиллалӣ доир ба истифодаи оби кӯли мазкур, ки 100 сол қабл дар натиҷаи заминларзаи харобиовар дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон пайдо шудааст, мебошад. Тибқи иттилои манбаъ, айни замон барои дар сатҳи баланд гузаронидани конфронси мазкур гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






