Муаллимони забони англисӣ таҷриба меомӯзанд

Сентябрь 30, 2011 15:44

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина). – Бо  ибтикори Маркази маърифатии «Мултикид» ва бо дастгирии Сафорати  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон муаллимони тоҷики  забони  англисии  мактабҳои  шаҳр  аз 3 то  5  октябр аз  санҷиши  тренингӣ  мегузаранд.Мақсад  аз  ин  тадбир  расонидани  кӯмак ба  фаъолияти  педагогии муаллимони   забони  англисӣ ва  бо  тамоюлҳои  муосири  усули  таълими  забони  англисӣ  шинос  намудани  муаллимон  аст. Тренингро   муаллими  забони  англисии Донишгоҳи  давлатии  музофоти  Вашингтони Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  Нэнси Белл мегузаронад.Муаллимони тоҷик  баъди  гузаштан  аз  санҷиши  тренингӣ  бояд нафақат  забони  англисиро  ба  хонандагон  хушсифату  самарабахш таълим  диҳанд,   балки  ба  ҳамкасбони  ҷавони  худ  аз  усулҳои  муосири  таълим   низ  нақл  намоянд. Хотирнишон  месозем, ки  Сафорати  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  бо Маркази   маърифатии «Мултикид» се  қарордодро   перомуни  татбиқи  минбаъдаи  Барномаи  менторӣ   имзо  намудааст, ки  дар  чаҳорчӯбаи он  соли  2012 ҳамин  хел  тренингҳо  роҳандозӣ   мешаванд.

Сентябрь 30, 2011 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад