Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия — Чоргонаи Душанбе ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлўи ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни Тоҷикистону Афғонистон имзошуда зоҳир гардид, аз ҷумла доир ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқӣ ба хотири боло бурдани иқтидори транзитии ҳарду кишвар. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 5 соли охир ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон бо шарофати ифтитоҳи пулҳои мошингарди пайвандсози ду кишвари дўст 20 баробар афзоиш ёфт.Дар ин росто зарурати пурра ба истифода додани хатти интиқоли барқи Сангтўда — Қундуз – Пулихумрӣ ва фаъол намудани гузаргоҳҳои иловагии сарҳадӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла гузаргоҳҳои Кокул – Ойхонум ва Калдор — Айваҷ таъкид гардид.Барои тақвияти ин тамоюлоти накў фаъолияти босамартари Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ — тиҷоратӣ ва густариши бештари равобити вазоратҳои корҳои хориҷӣ, парлумонҳо ва мақомоти давлативу идории ду кишвар матлуб дониста шуд.Вобаста ба нақшаҳои тадриҷан аз Афғонистон хориҷ шудани нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ ҳамгироии бештар ва ҳамоҳангии кори сохторҳои низомӣ, марзбонӣ ва амниятии Тоҷикистону Афғонистон ба хотири тақвияти мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шуд.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рўзномаи мулоқоти сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврўзи Ориён – 2012 дар шаҳри Душанбе ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.Баъди мулоқот бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳомид Карзай дар шаҳри Душанбе бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.Дар ин маросим, ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонони сершумори дигар низ ширкат доштанд.Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳомид Карзай ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба дурнамои муносиботи дўстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории бисёрсоҳаи ду кишвар баҳои баланд доданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






