Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Роза Отунбоева
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рўзи 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд.Дар робита ба вазъияти пешазинтихоботии кишвари ҳамсоя Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: — «Тоҷикистон ҳамеша ба рушди боэътидолу осоиштаи қирғизистон ва рўзгори накуи мардуми он манфиатдор аст». Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихоботи президентии қирғизистон дар фазои орому осуда ҷараён гирифта, ба таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар ин кишвар мусоидат мекунад.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистону қирғизистон доир ба аксари масоили минтақавию ҷаҳонӣ аз мавқеи ҳамдигар пуштибонӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими амнияту субот дар минтақа равонагардида тадбирҳои муҳим амалӣ менамоянд.Сарони ду давлат ба аҳамияти роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол- сарҳади Қирғизистон, ки чанде пеш пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, баҳои баланд дода, ҳавасмандии ду кишвари ҳамсояро ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерўи барқ, аз ҷумла хатти барқии КАСА – 1000 ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрону Покистон таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






