Мулоқоти хоссаи Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони давлатҳои узви ИДМ
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Субҳи имрӯз Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо президентҳои як қатор кишварҳо мулоқоти як ба як анҷом дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина Виктор Янукович мулоқот намуд.Дар вохўрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон ба Украина ба рушди минбаъдаи муносиботи судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов низ мулоқот намуд. ,Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи ду кишвар, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, металлургия, нақлиёту роҳсозӣ, пайвасти мустақими шабакаҳои барқию нақлиётии ду кишвар ва атрофи масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.Имрӯз ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян масоили ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуданд. Серж Саргсян иттилоъ дод, ки ба истиқболи 20- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои Китобхонаи мўҳташами миллии навбунёд дар шаҳри Душанбе шумораи зиёди китобҳои илмию бадеӣ ва омўзишӣ доир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа тўҳфа овардааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






