Мулоқоти О.Оқилов бо О.Гаврук

Сентябрь 1, 2011 11:24

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Дирӯз мулоқоти сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Окилов бо сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук баргузор гардид.Зимни мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус  дар бахшҳои иқтисод, энергетика, кишоварзӣ ва маориф баррасӣ шуда,  таваҷҷӯҳи асосӣ ба раванди ҳамгироиҳои ду давлат дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, СААД ва Аврупою Осиё зоҳир карда шуд.Оқил Оқилов аз он ки дар сохтмонҳои азими Тоҷикистон ва бахши кишоварзии мамлакат техника ва технологияҳои Белорус васеъ истифода мегарданд, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки барои густариши ҳамкориҳо дар ин бахшҳо бояд минбаъд ҳам тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.Олга Гаврук изҳор дошт, ки мамлакаташ омода аст барои тарбияи мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои  таъмиру васлкунии техника ва таҷҳизоти сохти Белорус дар Тоҷикистон филиали як қатор муассисаҳои таълимии дорои равияи техникиро  таъсис диҳад.

Сентябрь 1, 2011 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ