Мусобиқаи энергетикҳо
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мутахассисони шабакаҳои марказии барқи ШСХК «Барқи тоҷик» бо роҳбарии директори он Аслиддин Назаров дар мусобиқаи ҳарсолаи энергетикҳо, ки онро Шӯрои қувваи барқи ИДМ ташкил менамояд, иштирок мекунанд.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод.Мувофиқи суханони манбаъ, имсол мусобиқаи энергетикҳо аз 16 то 21 сентябр дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия баргузор шуда, дар он дастаҳои 9 кишвари аъзои ИДМ: Тоҷикистон Русия, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина иштирок менамоянд.Иштирокдорони ин мусобиқа бояд маҳорати худро дар бахши энергетика намоиш диҳанд. Директори шабакаҳои энергетикии Кӯлоб Мирзо Исмоилов ба ҳайати ҳакамҳои мусобиқа шомил аст. Қобили зикр аст, ки дар мусобиқае, ки соли гузашта дар шаҳри Павлодари Қазоқистон баргузор шуда буд, дастаи энергетикҳои мо ҷойи дуюмро ишғол намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






