Намоишгоҳи акс ва ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар Теҳрон
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 14 сентябри соли 2011 ба муносибати ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Теҳрон маросими кушодашавии Намоишгоҳи акс ва нигораҳо, ки “Истиқлол сармояи азим ва азиз аст, Тоҷикистон – муддати 20 соли Истиқлол” унвон дорад, баргузор гардид. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Давлаталӣ Ҳотамов ва Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доктор Ҳуҷҷатулло Аюбӣ меҳмонони намоишгоҳ ва дӯстдорони фарҳанги тоҷикро хайрамақдам гуфтанд. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар Намоишгоҳ расмҳои аксбардори тоҷик Заур Дахте дар мавзӯи “Дастовардҳои 20 соли Истиқлолияти Тоҷикистон” ҷиҳати муаррифии комёбиҳои имрӯзаи мардуми тоҷик ва осори таърихӣ дар маърази намоиш гузошта шудаанд. Дар нигораҳо манзараҳои зебои табиати кишвар инъикос ёфтаанд. Дар маросими кушодашавӣ намояндагони Дастгоҳи Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, Маҷлиси шӯрои исломӣ, вазоратҳои умури хориҷӣ, нерӯ, улум, таҳқиқот ва фанноварӣ, тандурустӣ ва улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқии муқими Теҳрон ва аҳли илму адабу фарҳанги Эрон иштирок доштанд. Ҳунарҳои дастии Тоҷикистон, аз ҷумла гулдӯзӣ, сӯзанӣ, зардӯзӣ, либосҳои миллии тоҷикиро ҳунармандон Валӣ Зариф, Савригул Қурбонова ва Муҳаммадраҳим Табаров муаррифӣ намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






