Натиҷаи татқиқоти корҳои ходимони илмӣ

Сентябрь 29, 2011 10:28

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Натиҷаи омӯзиш ва тадқиқоти сесолаи ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи Акедемияи илмҳои ҶТ, Пажӯҳишгоҳи боғпарварӣ ва сабзавоткории АИ кишоварзии Тоҷикистон номзади илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ва ходимони илмӣ Қурбоналӣ Меликов, Маҳмадзамон Сулангов ва Асомиддин Ҷумаҳмадов, ки бо номи «Гуногунии агробиологӣ — ғизо, захира ва бойгарӣ» ба табъ расидааст, дар атласи ранга пешкаши хонандагон гардонида шуд. Тадқиқот ҷиҳати муайянкунӣ ва баҳодиҳии наъҳои маҳаллии мевагиҳо, ғалладонагиҳо ва захираҳои хӯроки чорво дар води Ҳисор, Рашт, Зарафшон, Истаравшан ва ноҳияи Вахш бо дастгирии молиявии бунёди ба номи Кристенсон (Christenson Fund) гузаронида шудааст.Дар атласи ранга расмҳои аслии навъҳои маҳаллии зироатҳо, зоти чорво, ки муаллифон дар давраи омӯзиш ва тадқиқот аксбардорӣ кардаанд, номҳои лотинии ин намудҳои гуногуни агробиологӣ, номҳои маҳаллӣ ва халқии онҳо, тавсифи мухтасари нишонаҳои асосии ин навъҳо ва минтақаи парвариши онҳо оварда шудааст. Маводи ҷамъовардашуда барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, деҳқонон ва донишҷӯён чун маълумоти аввалия хеле муфид шуда метавонад.

Сентябрь 29, 2011 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид