Парлумон Созишномаҳои байнидавлатиро матраҳ сохт

Сентябрь 12, 2011 15:13

Душанбе, 12 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 12 сентябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, баргузор гардид, якчанд санадҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инҳо Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон доир ба расонидани кӯмаки ҳарбии ройгон, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария доир ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ ва Созишномаи қарзи имтиёзнок тибқи лоиҳаи ташкили шабакаи ягонаи барқии шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин мебошанд. Зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон зикр карданд, ки Созишномаҳои байнидавлатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ нақши муассир мебозанд.12.39.

Сентябрь 12, 2011 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид