Роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия аз шаҳри Дзержинск дидан кард
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Чанде пеш роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев бо мақсади барқарор намудан ва рушду тақвият бахшидани равобити муфиди мутақобила бо минтақаҳои Федератсияи Русия ба шаҳри Дзержински вилояти Нижний Новгород сафари корӣ анҷом дод.Дар бисёр корхонаҳои ин шаҳр ҳамватанони мо кор мекунанд. Раиси шаҳри Дзержинск Виктор Сопин зимни мулоқот дар идораи маъмурияти шаҳр меҳнатдӯстию масъулияти ҳамватанони моро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, гуфт, ки шаҳр ба мутахассисони лаёқатманд зарурат дорад. Бинобар ин, роҳбарияти шаҳри Дзержинск омода аст, ки барои ривоҷу густариши ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамаи чораҳои заруриро бинад.Сипас Асрор Одинаев аз як қатор корхонаҳои калони ин шаҳр дидан карда, ҳамчунин дар масҷиди шаҳр бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҷо муваққатан кор мекунанд, вохӯрд. Имомхатиби масҷид Ҳайдар Раҳматуллин хоҳиш намуд, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастааш ба фаъолияти маърифатӣ ва мададаш дар амри омӯхтани мероси фарҳанги Ислом, аз ҷумла Имоми Аъзам изҳори миннатдорӣ карда шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






