Рушди саёҳати экологию кўҳнавардӣ

Сентябрь 28, 2011 16:55

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ва боздиди худ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ барои ҷалби сайёҳон ва рушди саёҳати экологию кўҳнавардӣ супоришҳои мушаххас дод.Ноҳияи Айнӣ дорои табиати зебову биҳиштосо буда, мавқеи мусоиди ҷуғрофии ноҳия, обу ҳавои тоза, чашмаҳои шаффофу шифобахш, Искандаркўл, Кўли Аловуддин ва водии Яғноб дар оянда барои ҷалби сайёҳон аз тамоми гўшаю канори дунё, аз ҷумла барои рушди саёҳати экологӣ ва кўҳнавардӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоваранд, зикр намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин асос сарвари давлат сохтору мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоид доир ба масъалаи таблиғу ҷалби сайёҳон ва ташкили инфрасохтори мувофиқ тадбирҳои зарурӣ ва мунтазамро амалӣ намоянд.

Сентябрь 28, 2011 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд