Таҷлили Истиқлолияти ҶТ дар Краснодар
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳафтаи гузашта дар Краснодар бахшида ба 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои идона роҳандозӣ шуданд.Ташкилкунандаи ин чорабиниҳо — Созмони ҷамъиятии «Мадад» — и Краснодар мусобиқаи волейболбозону гӯштингиронро ташкил намуд, ки дар он ҳам намояндагони кишвари мо ва ҳам ҳамсояҳоямон аз Ӯзбекистону Қирғизистон иштирок намуданд.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни ин чорабиниҳо конфронс бахшида ба санаи фархундаи таърихи давлати тоҷикон баргузор шуд. Иштирокдорони конфронс аз дастовардҳои мамлакат, нақшаҳои мӯҳташами рушди он ва мақоми барҷастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқароршавӣ ва мустаҳкам гардидани давлатамон нақл намуданд. Роҳбари созмони «Мадад» Нағзибек Нағзибеков зимни суханрониаш аз натиҷаи кори созмон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикони қисми ҷанубии Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо нақл кард.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






