Таҷрибаи фурудгоҳи Душанберо мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳанд

Сентябрь 23, 2011 18:02

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад). — Конфронси ҳафтуми ҳамасолаи байналхалқие, ки ибтидои моҳи сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, масъалаҳои хизматрасонии рӯизаминиро ба ҳавопаймоҳо матраҳ намуд. Мутобиқи меъёрҳои муайяннамудаи Ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ «ИКАО» мутахассисони соҳа ҳар сари чанд вақт курсҳои бозомӯзиро гузашта, дар кори конфронсҳои марбутаи соҳа иштирок намуда, дараҷаи тахассуси худро баланд мебардоранд. Конфронси ҳафтуми ҳамасолаи байналхалқии Масква мавзӯи «Хизматрасонии рӯизаминӣ дар фурудгоҳҳо»-ро тӯли 5 рӯз мавриди муҳокима қарор дод. Дар намоишгоҳе, ки бахшида ба конфронс созмон дода шуд, техникаҳои ҷадид, аз қабили ядак, мошинҳои махсус аз барфу ях тозакунанда, автобусҳо ва дигар намуди техникаи махсус ба маърази намоиш гузошта шуданд. Хусусиятҳои хоси техникаҳо, бахусус камхарҷӣ ва маҳсулнокии онҳо мадди назари аввал қарор дошт.  Иштирокдорони конфронс бо навгониҳои техникаи фурудгоҳӣ шинос шуда, перомуни истифодаи техника ва таҷҳизот, риояи техникаи бехатарӣ, мавриди истифода қарор додани воситаҳои хизматрасонии рӯизаминӣ, сарфакорӣ ҳангоми хизматрасонии рӯизаминӣ маърӯзаҳо шуниданд.Муовини сардори Хадамоти рӯизаминӣ ва муҳандисӣ-технологӣ Табар Қурбонов, пешбари Хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ Мӯҳриддин Муртазоев, ки дар конфронс ширкат варзиданд, иброз доштанд, ки бо техникаҳои муосири хизматрасонии рӯизаминии ба намоиш гузошташуда ва ҳуҷҷатнигорӣ ошноӣ пайдо намуданд. Зимни сӯҳбат ва баррасии масъалаҳо иштирокдорони конфронс лозим донистанд, ки таҷрибаи фурудгоҳи Душанберо мавриди омӯзиш ва истифода қарор диҳанд.

Сентябрь 23, 2011 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид