Талаби замону амри тақдир

Сентябрь 16, 2011 18:00

Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). — Нооромиҳои Афғонистон баъди Инқилоби  Савр дар  охири солҳои 70-уми асри  ХХ шурӯъ гардиданд. Ҳатто вуруди қӯшунҳои маҳдуди Шӯравӣ, ки ба муддати 10 сол бо хоҳиши Ҳукумати онвақтаи Афғонистон ворид гардида буд, натавонист вазъро пурра ба эътидол орад. Ҳузури қӯшунҳои Шӯравӣ дар хоки Афғонистон дар ёди мардуми собиқ Шӯравӣ чун хоби даҳшатнок ва ё як хотироти нохушоянд боқӣ хоҳад монд. Зеро дар ин воқеаҳо зиёда аз 13 ҳазор сарбозу афсари Шӯравӣ ҳалок гардида, нафарони  зиёд осеби сахт дида буданд.Хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҳотам Рабиев дар китоби «Талаби замону амри тақдир», ки ба тозагӣ нашр кардааст, дар бораи воқеаҳои ҳамондавраи Афғонистон маълумоти мухтасар дода, ҳаёту фаъолияти як идда афсарон ва сарбозони башардӯстро рӯи қоғаз овардааст.Муҳарририи китобро ҷанговари интернатсионалист Абдуғаффор Қурбонов ба ӯхда дорад.

Сентябрь 16, 2011 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш