Тарроҳон маҳорати рассомии худро сайқал медиҳанд

Сентябрь 22, 2011 17:03

Душанбе, 22  сентябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз 26 то 30 сентябри  соли ҷорӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бо ташаббус ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон семенари «Маҳорати рассомӣ дар ҷаҳорчӯби санъати муосир» баргузор мегардад. Семенари мазкур давраи дуюми омӯзиши  тарроҳони ҷавон мебошад. Қаблан  дар моҳи июн давраи аввали омӯзишӣ бо унвони «Фарҳанги миллӣ ва тарроҳии муосири графикӣ» доир гардида буд.Ба семинар донишҷӯёни курсҳои дуюм  ва сеюми коллеҷҳои эҷодии ҷумҳурӣ даъват шудаанд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур омӯзиши тарроҳони ҷавон дар соҳаи дизайни муосир бо истифодаи хусусиятҳои миллӣ ва дастгирии рушди иқтидори эҷодии рассомони он мебошад.  Семинарро тарроҳони шинохтаи тоҷик Парвин Аминҷонов ва Мансур Ҳоҷибобоев мегузаронанд.

Сентябрь 22, 2011 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад