Журналистон инъикоси раванди буҷаро меомӯзанд
Душанбе, 23 сентябр.(АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). — Аз 29 то 30 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази тиҷоратии «Вафо» дар доираи лоиҳаи “Иштироки шаҳрвандон дар равандҳои буҷавӣ, шаффофияти буҷа”-и барномаи «Худидораи маҳаллӣ»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» — «Бунёди Мадад» дар Тоҷикистон омӯзиши дурӯза барои журналистон бо унвони «Шаффофияти буҷа ва ВАО: мӯҳтаво ва қолаб» баргузор мегардад. Ҳадаф аз чорабинии мазкур ошно кардани журналистон бо равандҳои таъмини шаффофияти буҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ мебошад. Ҳамчунин, ҳангоми тренинг журналистон механизмҳои ҷалби шаҳрвандонро дар раванди буҷа ва таъмини шаффофияти буҷаи давлатӣ меомӯзанд. Барои ширкат дар омӯзиши мазкур журналистоне, ки таҷрибаи инъикоси масоили иқтисодиро доранд даъват шудаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






