Қадрдонии донишмандону шоирони тоҷик
Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Алиризои Навин шаҳрдори Табрез, дар маросими анҷоми ҳафтаи фарҳангии Табрез дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба як гурӯҳ аз шахсиятҳои шинохтаи тоҷик- Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди маъруфи тоҷик, Меҳмон Бахтӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Исомиддин Салоҳиддинов, раиси ҷамъияти «Пайванд», шоир Аскар Ҳаким ва Ориёнфар Шамсулҳақ, атташеи фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Душанбе, нишонҳои «Табрез», Камоли Хуҷандӣ» ва «Шаҳриёр»-ро тақдим кард. Ҳамзамон, шаҳрдори Табрез ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст нишони «Табрез»-ро супорид. Бояд зикр кард, ки шахсиятҳои зикршуда барои саҳми шоистаашон дар ташаккули илму фарҳанги кишварҳои форсизабон –Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо нишонҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шудаанд.Маросими ҳафтаи фарҳангии Табрез дар Театри опера ва балети ба номи устод С. Айнӣ дар Душанбе бо суханрониҳои пурмуҳтавои шахсиятҳои шинохтаи ҳар ду кишвар ва ҳунарнамоии гурӯҳи мутрибону овозхонони табрезӣ ҳусни анҷом ёфт.Назар ба иттилои Ҳусайн Ширхонӣ, масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе, нишонҳои «Табрез», «Камоли Хуҷандӣ» ва «Шаҳриёр» аз ҷониби шаҳдори Табрез ҳамчунин, ба раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони илмию фарҳангии вилояти Суғд тақдим гардидаанд. Нишони «Табрез» барои шахсиятҳои сиёсию ходимони давлатӣ ва нишонҳои «Камоли Хуҷандӣ» ва «Шаҳриёр» барои донишмандон ва шахсиятҳои фарҳангӣ махсус гардонида шудаанд.Табрез маркази маъмурии вилояти Озарбойҷони Шарқӣ буда, бо аҳолии ду миллионааш аз шаҳрҳои бузурги Эрон маҳсуб меёбад. Табрез бо шаҳри Хуҷанд- маркази маъмурии вилояти Суғд паймони бародарӣ бастааст.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






