Ҳайати ХФМ Федератсияи Русия аз ДСРТ дидан мекунад

Октябрь 20, 2011 15:23

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова ). – Дар  доираи  иҷлосияи  10 – уми  Шӯрои  роҳбарони  мақомоти  муҳоҷирати  давлатҳои аъзои  ИДМ 21  октябр  ҳайати Хадамоти  федералии  муҳоҷирати  Федератсияи  Русия  бо  роҳбарии  директори муассисаи  номбурда  Константин  Ромодановский   ва  сардори  Хадамоти  муҳоҷирати  назди  Ҳукумати  ҶТ  Сафиаллоҳ  Девонаев аз Донишгоҳи славянии Русия  ва  Тоҷикистон  дидан  мекунанд.Дар  ин  бора  ба  АМИТ «Ховар»  дар  маркази  матбуоти Хадамоти  муҳоҷират иттилоъ  доданд. Дар  чаҳорчӯбаи  ташрифот  шиносоӣ  бо  фаъолияти  Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти  илмии  муҳоҷират  ва  мулоқот  бо  профессорону  муаллимон  ва  роҳбарони созмонҳои ҷавонону  донишҷӯён  аз  рӯи   масоили  мубрами  муҳоҷират  пешбинӣ  шудааст. Мувофиқи  суханони  манбаъ,  Донишгоҳи  славянии  Русия  ва  Тоҷикистон  бояд  дар  оянда  маркази  омӯзиши   илмии  равандҳои  муҳоҷират  гардад, ки ҷалбу  тарбияи  мутахассисони  бахши  муҳоҷират  ба  ин  мусоидат  менамояд. Хотирнишон  месозем, ки  Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти  илмии  назди Донишгоҳи  славянии  Русия  ва  Тоҷикистон ягона   пажӯҳишгоҳи  Осиёи  Марказӣ ҷиҳати  таҳлили  проблемаҳои  муҳоҷират  мебошад.

Октябрь 20, 2011 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст