Ҳамкориҳои ҶТ бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон

Октябрь 13, 2011 15:29

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 12 октябри соли 2011 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов Роҳбари Департамент оид ба барномаҳо ва ҳамкории техникӣ бо кишварҳои Амрико, Аврупо ва Осиёи Марказии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Ҷианни Магазенниро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мавдири баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла,  атрофи натиҷаҳои ҳисоботи даврии универсалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи инсон, ки аз ҳисоботи даврии универсалӣ бармеоянд ва роҳҳои пайгирӣ ва иҷрои ин тавсияҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.

Октябрь 13, 2011 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ