Ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ

Октябрь 26, 2011 16:53

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ миёни Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария як силсила санади ҳамкорӣ ба имзо расид.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии  департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд,   Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария дар бораи таъмини фаъолияти муздноки меҳнатии шахсони ҳамроҳикунандаи аъзои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои доимӣ, Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба таъйиди Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар бораи  канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя ба тасвиб расид.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин маросими тақдими ёддошти Вазорат дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ дар мавриди  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Швейтсария дар бораи ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва пешниҳод оид ба эътибор пайдо намудани он барпо шуд.Зикр гардид, ки ба ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Конфедератсияи Швейтсария Сафири Фавқулодда ва Мухтори он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Неллен, ки қароргоҳаш дар шаҳри Остона мебошад, имзо гузоштанд.

Октябрь 26, 2011 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ