Ҷаласаи корӣ дар Вазорати кишоварзӣ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -19 октябри соли 2011-ум дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара таҳти раисии вазири кишоварзӣ-Қосим Қосимов баргузор гардид.Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳаи кишоварзӣ, барномаҳои соҳаи рушди кишоварзӣ, сардорони хадамоту бозрасиҳо, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо, сардорони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ, ташкилоту муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд. Маҷлисро вазири кишоварзӣ ифтитоҳ бахшид. Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои кормандони соҳа муовини вазир Ю.Ю. Султонноёбов гуфт, ки кишоварзони ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли 2011 ба миқдори 70 495 тонна ғалла, 17 9746 тонна мева, 92989 тонна ангур ва 33 0876 тонна зироати полезӣ, 92,6 ҳазор тонна гӯшт, 46 6391 тонна шир ва 186340 ҳазор дона тухм истеҳсол намуданд. Доир ба масъалаи «Дар бораи таҳлили фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» сардори Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ С. Давлатов зикр намуд, ки фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳо» ва стансияю қитъаҳои давлатии навъсанҷии ҷумҳурӣ моҳҳои август-сентябри соли ҷорӣ таҳти санҷиш ва омӯзиш қарор гирифт. Санҷишҳо нишон доданд, ки бо зоҳир намудани бемасъулиятӣ ӯҳдадориҳо ба таври лозимӣ иҷро нагардида, фаъолияти имрӯзаи Муассиса ва қитъаҳои навъсанҷӣ ба талабот ҷавобгӯ намебошанд.Бинобар ин сардори Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» Сафаралӣ Орипов аз вазифааш озод карда шуд.Дар охир вазири кишоварзӣ баҳри ҳавасмандгардонии кишоварзони ҷумҳурӣ, сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла сардорони Сарраёсати вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсатҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринавро барои иҷрои пеш аз мӯҳлати дурнамои истеҳсоли пахта бо сипосномаи Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






