Ҷиу-ҷитсу дар Маскав
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар шаҳри Маскав мусобиқаи байналмилалӣ оид ба Ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз 5 варзишгари тоҷик аз клуби варзишии «Динамит» таҳти роҳбарии раиси лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта Аҳтам Хокиров ширкат намуданд. Дар мусобиқаи мазкур намояндагони кишварҳои Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Русия бо ҳам қувва озмуданд. Дар вазни 70 кг намояндаи ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Сафаров барандаи медали нуқра гардид. Ў дар даври аввал бо варзишгари Арманистон, дар даври дуюм бо варзишгари Чеченистон ва дар муҳорибаи нимниҳоӣ бо варзишгари Қирғизистон вохӯрда, дастболо гардид. Дар қувваозмоии ниҳоӣ бо варзишгари рус низ ҳунари зебо нишон дод, вале дар натиҷа ба мағлубият рӯ ба рӯ шуд. Инчунин Зуҳар Нурмуҳаммадов дар вазни 85 кг барандаи медали нуқра гардид. Рустам Акбаров дар вазни 75 кг зинаи сеюмро касб кард. Файзӣ Тобатов дар вазни 90 кг ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Баъди ин натиҷаҳо бо даъвати ноиби президенти самбои муҳорибавии Русия Михаил Смирнов тими Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи ҷоми шарқу ғарб оид ба самбои муҳорибавӣ ҷониби шаҳри Санкт- Петербург роҳ пеш гирифт. Мусобиқаи навбатӣ 20-уми октябр баргузор мегардад. Дар ин бора раиси Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта Аҳтам Хокиров хабар дод.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






