3 миллиард сомонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ

Октябрь 26, 2011 14:48

Душанбе, 26 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-  Дар буҷаи давлатии соли 2012 барои татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ  шудааст. Ҳамзамон дар соли 2012 бо харҷи беш аз 145 миллион сомонӣ маблағҳои буҷа бояд мушкили норасоии оби нӯшокӣ дар 24 шаҳру ноҳияи кишвар, ба монанди Хоруғ, Кӯлоб ва Хуҷанд бартараф карда шавад.Бояд зикр кард, ки алҳол лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» ҷиҳати  баррасӣ дар парлумони мамлакат қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки қисми даромади буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 дар ҳаҷми 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоташ 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин маблағ дар қиёс бо буҷаи соли 2011 мутаносибан 1 миллиарду 860 миллион ва 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ зиёд аст.

Октябрь 26, 2011 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад