300 идрорпулӣ барои хонандагони беҳтарин
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 300 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо, ки аз рӯи натиҷаи соли гузаштаи таҳсил баҳои аъло дошта ва дар кори ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намудаанд, муддаиёни идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд. Мукофотро Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Тоҷикистон барои соли таҳсили 2011 – 2012 таъсис додааст.Мувофиқи Низомномаи идрорпулии Президенти ҶТ барои хонандагон ин маблағ дар асоси озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон супурида мешавад.Имсол 300 нафар хонандагони беҳтарини донишадаҳои зикршуда аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мукофот мегиранд. Пардохти идрорпулӣ ҳар моҳ дар бахшҳои сохтории Кумитаи кор бо ҷавонон сурат мегирад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






