46 кг. маводи мухаддир боздошт шуд

Октябрь 22, 2011 10:06

Хоруғ, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Вақтҳои охир  Раёсати  Агентии назорати  маводи  нашъаовари назди  Президенти  ҷумҳурӣ  дар  ВМКБ  дар  амрои  пешгирии  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  тадбирҳои  зиёде  андешид.  Тавре   иҷрокунандаи  вазифаи  сардори  раёсати  Агентӣ Рустам  Қодиров  иттилоъ  дод,  агентӣ  тайи  9  моҳ дар  ҳамбастагӣ бо раёсати  корҳои  дохилии  вилоят  46  килолграмму  783  грамм  маводи мухаддирро  боздошт намуд, ки  аз он  3  кг. 300 гр.  маводи  сахттаъсири  ҳероин  ва  43 кг. 912  гр.  гашиш буда ва  нисбат ба соли 2010 – ум  2,5  баробар  зиёд  мебошад.

Октябрь 22, 2011 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш