А. Иброҳим: «Ҳолатҳои наомадани бағоҷ низ ба назар мерасанд»
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).- Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъолияти 9 моҳаро ҷамъбаст кард. Муовини директори генералии фурудгоҳи Душанбе Азиз Иброҳимов гуфт, ки фурудгоҳи Душанбе бо 22 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад. Дар ин муддат ба 454 ҳазору 228 нафар мусофир барои парвоз ба дигар кишварҳо хизмат расонида шудааст. Ҳамзамон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 352 ҳазору 957 мусофири ба кишвари мо омада хизмат расонида шуд. — Дар 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 1 ҳазору 966 тонна бор интиқол дода шудааст. Дар ин муддат 422 ҳолати наомадан ва осеб дидани бағоҷи мусофирон ба назар расид, ки аз ин 419 ҳолат қонеъ гардонида шуд ва 3 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад, — афзуд Азиз Иброҳимов.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






