Афзоиши истеҳсоли шишаю семент дар кишвар

Октябрь 12, 2011 15:32

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ як қатор корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ тавонистанд суръати афзоиши истеҳсолотро таъмин намоянд.  Дар ин давра  240 ҳазор тонна семент,  47, 1 млн. дона хишт, 8,5 км шартӣ қубурҳои асбестӣ,  10,7 ҳазор метри мураббаъ тахтасанг,  5,7 млн. дона хишти сементӣ,  127,3 ҳазор метри мураббаъ шиша истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузшта хеле зиёд аст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати энегетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.Аз ҷумла, корхонаҳои ҶММ «Тоҷикмармар» 8,1 маротиба, ҶММ «Массарад» 4,6 маротиба, ҶММ «Лада мармар» 2,6 маротиба, ҶММ «Дурдона» 166 фоиз, ҶС «Комбинати масолеҳи бинокорӣ ва конструксия»-и  ноҳияи Спитамен 151,3 фоиз, «Қубурҳои асбестӣ» 130 фоиз, ҶСП «Заводи сементи Самадов»-и шаҳри Исфара 131,3 фоиз, «Комбинати масолеҳи бинокорӣ»-и шаҳри Исфара 127,6 фоиз ва  дигар корхонаҳо суръати афзоиши истеҳсолотро таъмин намуданд. Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ, таҷдиди корхонаҳои амалкунанда идома дорад. Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар шаҳри Қайроққум, корхонаи хиштбарорӣ дар ноҳияҳои Б.Ғафуров, Рўдакӣ, Рашт, Нуробод ва Мастчоҳ, Корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр семент» дар ноҳияи Ёвон ва ғайра, ки баробари фаъол шудани онҳо садҳо шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардиданд, аз ҷумлаи ин дастовардҳо мебошад.

Октябрь 12, 2011 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд