Анҷумани X1-уми рӯзноманигорон
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар толори маҷмааи «Шарқи озод» анҷумани 11-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов таҳти унвони «Панҷ соли таҳаввулот» оид ба фаъолияти иттифоқ дар фосилаи байни анҷуманҳои 10 ва 11-ум ҳисобот дод. Раиси Шӯрои матбуоти Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов доир ба «Мушкилоти риоя гардидани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ», устоди факултаи журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода дар мавзӯи «Аз ҳаваскорӣ ба касбият. Масъалаи тайёр кардани кадрҳои журналистӣ дар таълимгоҳҳои олӣ», раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев дар бораи «Риояи озодии сухан ва нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон», муассиси рӯзномаи «Имрӯз Нюс» Рустами Ҷонӣ перомуни «Таҷрибаи ибратомӯз. Сабақбардорӣ аз мушкилоти нахустин нашрияи ҳаррӯзаи кишвар- «Имрӯз Нюс», сармуҳаррири маҷаллаи «Офтобак» Абдувоҳиди Зевар роҷеъ ба «Мушкилоти эҷоди нашрияҳои бачагона ва ё чаро наврасон аз матбуоти худ бенасибанд?» суханронӣ намуданд. Сипас рӯзноманигорони варзида Абдуқодири Абдуқаҳҳор, Толибшоҳи Саидзода, Ҷамоли Абдулҳай, Сайёфи Мизроб ва дигарон андешаҳои худро роҷеъ ба мушкилоти рӯзмарра иброз доштанд. Анҷуман ҳайати нави раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро дар ҳайати 19 нафар интихоб намуд. Акбаралӣ Сатторов якдилона раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






