Анҷумани X1-уми рӯзноманигорон

Октябрь 17, 2011 16:25

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар толори  маҷмааи «Шарқи озод» анҷумани 11-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов таҳти унвони «Панҷ соли таҳаввулот» оид ба фаъолияти иттифоқ дар фосилаи байни анҷуманҳои 10 ва 11-ум ҳисобот дод.  Раиси Шӯрои матбуоти Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов доир ба «Мушкилоти риоя гардидани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ», устоди факултаи журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода дар мавзӯи «Аз ҳаваскорӣ ба касбият. Масъалаи тайёр кардани кадрҳои журналистӣ дар таълимгоҳҳои олӣ», раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев дар бораи «Риояи озодии сухан ва нақзи ҳуқуқи  рӯзноманигорон дар Тоҷикистон»,  муассиси рӯзномаи «Имрӯз Нюс» Рустами Ҷонӣ перомуни «Таҷрибаи ибратомӯз. Сабақбардорӣ аз мушкилоти нахустин нашрияи ҳаррӯзаи кишвар- «Имрӯз Нюс», сармуҳаррири маҷаллаи «Офтобак» Абдувоҳиди Зевар роҷеъ ба «Мушкилоти эҷоди нашрияҳои бачагона ва ё чаро наврасон аз матбуоти худ бенасибанд?» суханронӣ намуданд. Сипас рӯзноманигорони варзида Абдуқодири Абдуқаҳҳор, Толибшоҳи Саидзода, Ҷамоли Абдулҳай, Сайёфи Мизроб ва дигарон андешаҳои худро роҷеъ ба мушкилоти рӯзмарра иброз доштанд. Анҷуман ҳайати нави раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро дар ҳайати 19 нафар интихоб намуд. Акбаралӣ Сатторов якдилона раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  интихоб гардид.

Октябрь 17, 2011 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид