Асрор Воҳидов – беҳтарин боксчии ҷавони ҷаҳон дар соли 2011
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорон варзишгари ҷавони тоҷик Асрор Воҳидовро беҳтарин боксчии соли 2011 донист. Хотирнишон месозем, ки Асрор Воҳидов дар мусобиқоти ҷаҳон байни ҷавонон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 48 килограмм ҳунарнамоӣ карда, соҳиби медали тилло гардид. Маросими супурдани мукофот 27 ноябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор мешавад.