Ба хешутаборчигӣ роҳ нест!

Октябрь 12, 2011 16:13

Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар, Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба 9 моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» тағйиру иловаҳо ворид намуд. Лоиҳаи Қонуни мазкур 12 октябр дар ҷаласаи  навбатии иҷлосияи  сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардид. Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагон  ва Фаттоҳ Саидов, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия   моҳият ва афзалияти ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро шарҳ доданд.  Зикр шуд, ки зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза  бар зидди коррупсия» аз байн бурдани баъзе мухолифатҳои қонун бо санаду қонунҳои ҷории кишвар ва талаботи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид мебошад.Конуни мазкур ҳанӯз 6 сол муқаддам, аниқтараш 25 июли соли 2005 қабул гардида буд. То ин вақт дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд. Дар ҷумҳурӣ мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуд ва санади барномавии «Стратегия мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардид.Ҳамзамон, дар ин давра Тоҷикистон узви  як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба мубориза бо коррупсия гардид. Саодат Амиршоева гуфт, ки ба моддаҳои 1, 4, 5, 8, 11, 12, 13,  14 ва 15 –и қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, моддаи нав-  моддаи 6 прим як дар қонун пешбинӣ шудааст.  Ҳамзамон меъёрҳои  қонуни амалкунанда ба муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шудааст.Сардори идораи мубориза бар зидди коррупсия афзуд, ки  дар лоиҳаи қонун барои аз ҷониби шахсони мансабдор роҳ надодан ба унсурҳои хешутаборчигӣ ҳангоми иҷрои  вазифаи худ пас аз калимаи қудоҳо калимаи келинҳою домодҳо илова карда шудааст. Зеро яке аз   асосҳои авлавиятдори мубориза бар зидди коррупсия  бархӯрди  манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ, роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ, пуштибонӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти  шахсони мансабдор, кафолати ҳуқуқӣ ва ҳавасмандгардонии шахсоне, ки барои мубориза бар зидди коррупсия мусоидат менамоянд, инчунин ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои  байналмилалӣ мебошад.  Омилҳои хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ, пуштибонӣ боиси коста  гардидани боварии мардум ба мақомоти давлатӣ  гашта,  он ба бархӯрди манфиатҳо мусоидат менамояд, афзуд Ф. Саидов.  Моддаи нав- моддаи 6 прим як танзими  ҳуқуқии ҳамкории  байналмилалии Тоҷикистонро  дар самти  мубориза бар зидди коррупсия ба танзим дароварда, мақсадҳои ҳамкории байналмилалии Тоҷикистонро бо  давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ муқаррар менамояд. Назар ба андешаи Фаттоҳ Саидов,  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур  ба самти таҷрибаомӯзӣ, ёрии техникӣ, ҷорӣ намудани роҳу усулҳои пешқадами ҷилавгирӣ аз коррупсия нигаронида шудааст, ки ба фаъолияти пурсамари мақомот мусоидат менамояд. Иловаҳо ба моддаи 11 барои аз байн бурдани омилҳои  коррупсионӣ дар мавриди ҷобаҷогузории кадрҳо ва амалӣ намудани принсипҳои шаффофият ва роҳ надодан ба бархӯрди манфиатҳо ва баланд бардоштани масъулияти шахсони мансабдор ва таъмини шаффофият дар самти сиёсати кадрӣ мусоидат менамоянд.

Октябрь 12, 2011 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ