Ба захирагоҳ ҷаву гандум фиристода мешавад
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи баргузории як экспедитсияи муштараки байналмилалӣ, ки олимони Тоҷикистон, Нидерландия ва Русия дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор намуданд, 53 намунаи тухмии исфанҷор ва харбузаи дерпазро ҷамъоварӣ ва ба фонди марказ ворид намуданд.Тадқиқоти экологии олимон дар минтақаи Файзобод дар баландии 1200 метр аз сатҳи баҳр доир ба коллексияи навъҳои ҷави селексияи Маркази илмии байналмилалӣ — ИКАРДА ва маҳаллӣ идома дорад. Олимони тоҷик тухмии ғалла, аз қабили 1000 навъ гандум ва 624 навъу намунаҳои ҷавро барои садсолаҳо нигоҳ доштан ба захирагоҳи умумиҷаҳонии Свалборд (СИДА НордГен)-и Шветсия интиқол доданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






