Барги сабзе дар пойиз

Октябрь 31, 2011 16:25

Душанбе, 31 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Телевизион  ва радиои Тоҷикистон  дар масири таърих»- таҳти чунин унвон нашриёти «ЭР-граф» китоберо ба тозагӣ ба табъ расонд. Китоби мазкур, ки ба 20-умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардидааст, таърихи телевизион ва радиои Тоҷикистон, нақши Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули радио ва телевизиони ҷумҳурӣ инъикос намудааст. Журналистони варзида Шералӣ Мӯсо ва Абдуқодири Абдуқаҳҳор мураттибони китоб буда,  заҳмати кормандони радио ва телевизион,  аввалин поягузорон, марҳилаҳои рушду такомули ин расонаҳоро дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон, раванди  таҳкими сулҳу созгории миллӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ин бахшро қаламдод  намудаанд. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Асадулло  Раҳмонов ба китоб пешгуфтор навишта, таърихи  телевизион ва радиои Тоҷикистонро як шохаи  таърихи Тоҷикистон арзёбӣ намудааст. Ба китоб аксҳои  ранга, ки аз чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи «Шашмақом», «Фалак» ва маросими ифтитоҳи шабакаҳои телевизионии «Сафина» /2005/, «Баҳористон» /2006/ «Ҷаҳоннамо» /2008/ бо иштироки Президенти мамлакат ҳикоят мекунанд, шукӯҳи хосса бахшидаанд. Муқоваи китобро Парчами миллии Тоҷикистон ва расми бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шакли таҷдидшуда дар дохили  амвоҷ ба шакли рамзӣ  оро додааст.Китоби «Телевизион ва радиои Тоҷикистон дар масири таърих» ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 500 нусха нашр гардида, барги сабзест барои  кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва муаррихони фарҳанги тоҷик.

Октябрь 31, 2011 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид