Баррасии масъалаи ҳамкориҳо дар Шӯрои электроэнергетикии ИДМ

Октябрь 26, 2011 14:22

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Охири  ҳафтаи гузашта дар  шаҳри  Маскави  Федератсияи  Русия ҷаласаи  40 — уми  Шӯрои  электроэнергетикии  давлатҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир  гардид.Дар  ҷаласа  доираи  васеи  масъалаҳои ҳамкориҳои байнидавлатӣ  дар  соҳаи  электроэнергетика,  аз  ҷумла  рафти  тайёрии системаҳои  электроэнергетикии   миллии  кишварҳои ИДМ ҷиҳати  фаъолияти  мунтазаму  самарабахш  дар  давраи  тирамоҳу  зимистони солҳои  2011 – 2012 ва  ҳамкории мамлакатҳои   аъзои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  дар  соҳаи электроэнергетика  ва дигар масъалаҳои  муҳим  мавриди  баррасӣ  қарор гирифтанд.Вазири  энергетика ва  саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул  Шералӣ зимни  суханрониаш  перомуни иқтидорҳои тавлидотии  нерӯи  барқи  кишвар  бо  назардошти  нерӯгоҳҳои  барқии  соли  ҷорӣ  ба  истифодадодашуда, аз ҷумла НБО – ҳои  хурд,  идомаи  бунёди  иқтидорҳои  иловагии  тавлиди  нерӯи   барқ  ва хатҳои  интиқоли барқ  дар  мамлакат,  ҳамчунин  иҷрои корҳои зарурӣ ҷиҳати ҳалли  мушкилоти  бахши  барқ  дар  ҷумҳурӣ  ибрози  назар   кард.Дар анҷоми  ҷаласа иштироккунандагони он  зарурати  истифодаи  самараноки  нерӯи  барқ ва  густариши ҳамкориҳои  ҳар чи  бештари  давлатҳои  аъзои  ИДМ  дар  соҳаи  электроэнергетикаро  таъкид намуданд. Дар  ин  бора  аз хадамоти  матбуоти Вазорати  энергетика  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  доданд.

Октябрь 26, 2011 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид