Беш аз 20 тонна бензин ғайристандартӣ дониста шуд

Октябрь 5, 2011 17:08

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова). —  20 ҳазору 280 литр бензини автомобилии тамғаи АИ-80,  ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ И. Сафаров  аз ҷумҳурии Қирғизистон ба  дидбонгоҳи гумрукии терминали шаҳри Душанбе ворид гашта буд, дар натиҷаи санҷиш дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нафтии Агентии давлатии “Тоҷикстандарт” аз рўи нишондоди адади октанӣ ба талаботи стандарти байнидавлатӣ  ҷавобгӯ набуда ғайристандартӣ дониста шуд.Ин миқдор сўзишворӣ айни ҳол таҳти назорати гумрукӣ қарор дорад.   Зикр кардан ба маврид аст, ки Агентии “Тоҷикстандарт якҷоя бо мақомоти дахлдор воридшавии маҳсулоти ниёзи мардумро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати қатъӣ қарор дода, бозори истеъмолии мамлакатро аз маҳсулоти пастсифату ба талабот ҷавобгўй набуда ва мўҳлати истифодаашон гузашта ҳимоя менамояд.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд.

Октябрь 5, 2011 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид