Бокс
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)- Имрӯз маҷмааи тозабунёди Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ аввалин мусобиқаи байналмилалиро дар риштаи бокс пазироӣ мекунад. Федератсияи бокси мамлакат мусобиқаи боксчиёнро барои ҷоизаи клуби «Шоҳона», ки солҳои охир шоистаи қабули тимҳои Осиёи Марказӣ гардидааст, дар ин макон барпо менамояд. Ба гуфти раиси Федератсияи бокси кишвар Бобоҷон Маҳмадрасулов, имрӯз соати 14-и вақти Душанбе расми кушоиши бозиҳо баргузор шуда, беҳтарин боксчиёни кишварҳои ҳамсояи дуру наздик барои ғалаба рӯи майдон меоянд ва дар давоми се рӯз бо ҳам рақобат мекунанд. Агар мусобиқа байни мардон дар 10 вазн гузарад, пас дар се вазн- 48, 60 ва 64 килограмм бонувони Тоҷикистону Афғонистон бо ҳам қувва меозмоянд. Мусобиқот се рӯз идома меёбанд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






