Бокс: Анвар Юнусов ба олимпиада меравад
Душанбе, 5 октябр.( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). — Дар рӯзи 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии ҷоми ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шахри Боку идома дорад, дар вазни 60 кг Мададӣ Нағзибеков бо боксчии маҷор Варга Миклос вохӯрда ба мағлубият дучор шуд ва имконияти ба даст овардани роҳхатро ба бозиҳои олимпии Лондон аз даст дод. Дар вазни то 91 кг толеъ ба боксчии дигари мо Ҷаҳон Қурбонов ҳам мадад накард. Баъди даври аввали вохӯрӣ бо боксчии номдори рус Артур Бетербиев ӯ аз идома додани вохӯрӣ даст кашид. Ҳамин тавр боз ду муштзани тоҷик аз идома додани вохӯриҳо дар канор монданд. Танҳо ба Анвар Юнусов муяссар гардид, ки дар вазни 56 кг ба мусобиқоти якчаҳорфиналӣ роҳ ёбад. Ӯ баъди ғалабааш бар Бойд Люк аз Австралия сазовори роҳхат ба бозиҳои Олимпии Лондон шуд. Имрӯз боксчии тоҷик дар рақобати якчаҳорфиналӣ бо Сергей Водопянови рус қувва месанҷад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






