Бокс. Мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳон

Октябрь 4, 2011 15:56

Душанбе,  4-октябр.( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷоми ҷаҳон, ки дар шаҳри Боку идома дорад, шоми имрӯз ду боксчии тоҷик вохӯриҳои худро баргузор мекунанд.  Дар вазни 60 кг Мададӣ Нағзибеков бо боксчии маҷор Варга  Миклос ва дар вазни то 91 кг Ҷаҳон Қурбонов бо шинохтатарин боксчии рус Артур Бетербиев қувва месанҷанд. Дар вохӯриҳои қаблӣ Мададӣ бар Бреди Кобиа ва Элвин Исоев аз Озарбойҷон ғолиб омад. Ҷаҳон Қурбонов боксчии ҳиндустонӣ Манприт Синҳро шикаст дод. Ёдрас мешавем, ки  чор нафар боксчиёни дигари мо Сафовиддин Юсуфӣ, Комил Холиқов, Диловаршоҳ Абдураҳмонов ва Фаррух Калонов дар вазнҳои  худ мағлуб шуданд. Собирҷон Назаров баъди ғалабааш бар Кастило Ҷуниор аз кишвари Доманикан дар вохӯрии дуввум  аз Ҳарт Ессеи амрикоӣ мағлуб шуд.

Октябрь 4, 2011 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид