Боз боди афғонӣ

Октябрь 5, 2011 12:41

Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Бо ворид шудани ҳавои сард ва шиддатёбии шамол аз қисмати ғарб ва ҷануби ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво дар кишварамон 5 октябр 6-8 дараҷа паст фаромада, фазои ҷумҳуриро якбора ҳавои ғуборолуди ғафс фаро гирифт. Ҳавои ғуборолуд аз биёбонҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Ироқ бархостааст, ки то се рӯз идома меёбад. Чунин ҳавои ғуборолуд  дар байни мардум ҳамчун «боди афғонӣ» маъмул аст.Тавре Парвина Саидҷамолова,  мудири шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои муассисаи давлатии обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ,  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ ғуборолуд боқӣ монда, ҳарорати ҳаво шабона дар қисмати ҷанубии кишвар -вилояти Хатлон 10-12  ва рӯзона 22-27  дараҷа гарм, дар вилояти Суғд шабона 6-11 ва рӯзона 12 -24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои тобеи марказ бошад шабона 5-10 рӯзона 19-24 дараҷа гарм,  дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  шабона 4-9 рӯзона 17-22 дараҷа гарм, дар Шарқи Бадахшон бошад  шабона 1-6 дараҷа сард рӯзона  4-9 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар Душанбе шабона 7-9  ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.Мутахассисони бахши кишоварзӣ ва тандурустӣ бар он назаранд, ки чунин ҳавои ғуборолуд ба нашъунамою сабзиши растаниҳо, ки такроран кишт гардидаанд ва саломатии инсонҳо, хусусан шахсоне, ки мубталои бемориҳои диққи нафас, фишори хун ва қалб мебошанд,  таъсири манфӣ мерасонад. 

Октябрь 5, 2011 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид