Боздиди Қ. Расулзода аз муассисаҳои тандурустии вилоят
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 25 октябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо шароити кории табибон, ҷараёни корҳои ободонӣ аз муассисаҳои соҳаи тандурустӣ — таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрии маркази вилоят боздид намуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли равон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи сармоягузории хориҷӣ баҳри таъмини таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат 10 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо гардид. Алҳол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои ободонӣ, таъмиру тармими биноҳои ин муассисаҳои тиббӣ амалӣ мегарданд.Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар таваллудхонаи вилоятӣ шинос гардида, бо масъулини соҳаи тандурустӣ ва сохтмон сӯҳбат намуд. Дар ин муассисаи тиббӣ 28 нафар бинокорони ҶДММ «Муҳандис» фаъолият менамоянд. Қоҳир Расулзода дастур дод, ки теъдоди онҳо зиёд гардад ва ба ободонии атрофи беморхона ва таъминот бо оби полезӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.Зикр бояд намуд, ки табобатхонаи вилоятӣ соли 1961 бунёд гардида, дар он метавонанд дар як вақт беш аз 200 нафар бистарӣ гарданд. Соли равон бо қарори Раиси вилоят баҳри корҳои таъмиру тармими беморхона 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.Раиси вилоят ҳамчунин аз вазъи корҳои таъмиру тармими биноҳои таваллудхонаи шаҳрӣ дидан намуда, бо табибон сӯҳбати самимӣ намуд. Дар ин таваллудхона 238 нафар корманди тиббӣ фаъолияти пурсамар доранд ва 140 кат барои беморон мавҷуд мебошад.Дар ин таваллудхона низ 37 номгӯй таҷҳизоти муосири ташхису табобат насб хоҳад шуд. Аз ҷумла, таваллудхона дорои томографи компютерии магнитӣ мебошад, ки он ба солимии модару кӯдак, беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






